Ба гуфтаи як мансабдори ӯзбек, Ихтиёр Абдуллоев пас аз боздошти даҳҳо зертобеаш аз мақом барканор шуда, дар ҳоли ҳозир гумон меравад, дар "роҳандозии ҷиноятҳои иқтисодӣ" даст дошта бошад.
Ду манбаи дигар гуфтанд, зидди раиси барканоршудаи ХАД-и Ӯзбекистон 8 феврал бо бандҳои "сӯистифода аз мақом" ва "гирифтану додани ришва" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ба боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди Абдуллоев баёноти кормандони пешини ХАД-и Ӯзбекистон, аз ҷумла собиқ муовини аввали худи ӯ Ҷаҳонгир Эгамов сабаб шудааст, ки моҳи январи соли равон дастгир гашта буданд.
Як манбаи наздик ба ҳукумати Ӯзбекистон хабар дод, ки аз 10 январ то 11 феврали соли равон ҳудуди 100 корманди ХАД боздошт шуда, зиддашон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Ихтиёр Абдуллоев баъди он ба "ғазаб"-и президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гирифтор шуд, ки ошкор гашт, ХАД суҳбатҳои телефонии хонаводаи ӯро гӯш карда, аъзои ин хонадонро таҳти дидбонӣ қарор додааст.