Ссылки доступа

Конгресси ИМА ба баҳси амнияти марзӣ нуқта гузошт


Демократҳо ва ҷумҳурихоҳони Конгресси ИМА дар масъалаи амнияти марзҳои ҷанубии ин кишвар ба созиши муқаддамотӣ расиданд. Ин созиш бояд аз эълони "шатдаун"-и навбатӣ пешгирӣ кунад. Қарор буд, 15 феврал кори ҳукумат қатъ шавад.

Ричард Шелбӣ, сенатори ҷумҳурихоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, ки конгрессменҳо тавонистанд, дар мулоқоти пӯшида ба "созиши усулӣ" даст ёбанд. Мулоқоти пӯшида то нисфишабии рӯзи душанбе идома кардааст. Ҷузъиёти созиш шарҳ дода намешавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, президенти ИМА Доналд Трамп аз созиши ҳосилшуда пуштибонӣ мекунад ё на.

Тарҳи созиш ҷудо кардани 1,375 млрд долларро барои сохтмони девори байни марзи ИМА ва Мексико мадди назар дорад. Трамп барои девор 5,7 млрд дархост карда буд. Агар ҷонибҳо то охири ҳафтаи ҷорӣ ба созиш нарасанд, дар он сурат ҳукумати ИМА мумкин аст, қисман дубора фаъолияташро қатъ кунад.

Доналд Трамп рӯзи 25 январ хабар дод, ки муассисаҳои давлатӣ баъди "шатдаун" дубора ба фаъолият мепардозанд. "Шатдаун" дар охири соли 2018 эълон ва 35 рӯз идома кард.

XS
SM
MD
LG