Ссылки доступа

Туркия беш аз ҳазор мухолифи ҳукумати Эрдуғонро боздошт кард


Мақомоти Туркия беш аз ҳазор нафарро ба ҳабс гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳаракати руҳонии мухолиф Фатҳуллоҳ Гюлен гумонбар мешаванд.

Бино ба маълумоти телевизиони CNN Turk, бештари ин афродро дар шаҳри Анқара, пойтахти Туркия дастгир карданд, вале амалиёти кормандони пулис дар 76 вилояти он кишвар сурат гирифтааст.

Дар Туркия пас аз табаддулоти нокоми давлатии соли 2016 беш аз 80 ҳазор одам боздошт ва 150 ҳазор корманди давлатӣ ва низомии дигар аз мақом барканор шуданд. Мунаққидони президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ӯро ба он айбдор мекунанд, ки аз табаддулоти ноком барои саркӯби дигарандешон ва мухолифонаш сӯистифода дорад.

​Фатҳуллоҳ Гюлен аз соли 1990 дар ИМА ба сар мебарад. Ӯ ки муассиси як ҳаракати ҷамъиятии исломӣ бо номи "Хидмет" низ ҳаст, то солҳои 2013 бо Эрдуғон робитаи зич дошт, вале баъдтар муносибатҳояшон сард шуд. Мақомоти турк вайро ба созмон додани табаддулоти ноком дар соли 2016 айбдор ва аз ИМА борҳо истирдодашро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG