Ссылки доступа

Сармуҳосиби ҲСДҚ гуфт, маълумоти марбут ба интихобот дар дасти Отамбоев аст (видео)


Сармуҳосиби ситоди пешазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) Нодира Сатигул қизӣ бо нашри як изҳороти видеоӣ сабаби ба хориҷ аз кишвар рафтанашро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Сатигул қизӣ, ӯ пас аз эҳсоси хатар ба амнияташ бо пешниҳоди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев кишварро тарк кард.

"Пеш аз рафтан ба Отамбоев маълумотеро дар бораи интихобот додам. Албатта, ба хотири амнияти худ, вале фикр намекардам, ки онҳо дар интернет нашр мешаванд. Дар аввал бисёр нороҳат шудам, вале ҳоло фикр мекунам, шояд кори хуб ҳам шуд. Акнун ҳақиқатро ҳама медонанд", - мегӯяд Сармуҳосиби ҲСДҚ дар видео.

Сатигул қизӣ афзуд, ки дар оянда ҳатман ба Қирғизистон бар мегардад. "Вақте мутмаин шавам, ки дар Бишкек ба ман фишор намеоранд", - гуфт ӯ.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки Нодира Сатигул қизӣ баъди баргаштанаш ба ватан барои додани баёнот ба ин ниҳод даъват хоҳад шуд. Сармуҳосиби ҲСДҚ моҳи ноябри соли 2018 Қирғизистонро тарк карда, ба иттилои ҳизб, ҳоло дар Ҳиндустон аст.

Ҳомии ҳуқуқ Нурбек Токтакунов 15 ноябр ҳуҷҷатҳои марбут ба интихоботи соли 2017-ро нашр кард. Дар ҳуҷҷатҳо навишта шудааст, ки ситоди интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков маблағи ба маротиб бештар аз онеро харҷ кардааст, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ нишон дода шудааст.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои нашркардаи ҳомии ҳуқуқ, ситоди Ҷеенбеков 1,1 миллиард сом ва 6,8 миллион доллар харҷ доштааст. Вале дар ҳисоботи комисияи марказии интихоботӣ харҷи ситоди Ҷеенбековро 158 миллион сом нишон додаанд.

XS
SM
MD
LG