Ссылки доступа

Саргардонии дигарбораи донишҷӯёни туркман: бонкоматҳо пул намедиҳанд


Донишҷӯёни туркман, ки дар хориҷ аз ин кишвар таҳсил мекунанд, дигарбора бо мушкили дарёфти маблағ аз бонкоматҳо рӯ ба рӯ шуданд.

Дар ин бора волидони донишҷӯёне хабар доданд, ки фарзандонашон дар Русия ва Белорус таҳсил доранд.

Ба гуфтаи онҳо, бештар аз як моҳ аст, ки фарзандонашон наметавонанд маблағи дар кортҳо бударо бигиранд. "То соли нав писари ман метавонист, аз корташ дар ҳафта 1000 рубли русӣ бигирад. Аммо як моҳ аст, ки ҳатто як тин ҳам наметавонад гирад", - гуфт як сокини шаҳри Ишқободи Туркманистон, ки писараш дар Москва таҳсил мекунад.

Донишҷӯёни туркмане, ки дар Белорус таҳсил доранд, низ ба ҳамин мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.

"Тавассути низоми бонкии "Western Union" ҳам дар моҳ танҳо 100 доллар фиристодан мумкин аст. Вале барои фиристодани ҳамон 100 доллар чанд ҳуҷҷати дигар - тасдиқномаи донишгоҳ, ҳуҷҷат аз ҷои кори волидон - талаб мекунанд", - гуфт сокини дигари шаҳри Ишқобод.

Мушкили дарёфти маблағ аз кортҳои бонкии Туркманистон дар хориҷ аз ин кишвар аз як соли пеш шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG