Муаллифи силсилабарнома Аббос Ҷаводӣ, доктори улуми забоншиносӣ ва таърих дар бораи гузаштаи ин қаламрав – зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳанги мардуми минтақа пажуҳиш анҷом додааст.
«Ончи ки дар ин навишта дар бораи таърихи Мовароуннаҳр гуфта хоҳад шуд, асосан марбут ба 300 соли нахусти ислом ва аҳволи ин сарзамин ва мардуми он аст», - мегӯяд Аббос Ҷаводӣ.
Дар бахши аввали барнома дар бораи таҳаввулоти тоисломӣ нақл мешавад. Ба навиштаи муаллиф, бахши баъдӣ ҳамлаи арабҳо, муқовимати мардуми бумӣ ва туркҳо дар баробари онон ва билохира тасхири Мовароуннаҳрро дар бар хоҳад гирифт.