Ссылки доступа

Ҳаҷми қарзи давлатии ИМА аз марзи 22 триллион доллар гузашт


Ҳаҷми қарзи давлатии ИМА бори аввал дар таърихи ин кишвар аз марзи 22 триллион доллар гузашт. Аз замони сари қудрат омадани президент Доналд Трамп қарзи ин кишвар бештар аз 2 триллион доллар афзудааст.

Ҳаҷми қарзи давлатӣ баъди он рӯ ба афзоиш ниҳод, ки дар моҳи декабри соли 2017 бо ташаббуси Трамп ислоҳоти андоз рӯи даст гирифта шуд. Дар натиҷа буҷаи федеролӣ 1,5 триллион долларро ҷамъ оварда натавонист. Қонуни афзоиши харҷи низомӣ ва эҳтиёҷҳои дохилӣ низ ба бештар шудани қарзи давлатӣ таъсир расонидаанд.

Қарзи давлатии ИМА аз ҳисоби ҳаҷми солонаи касри буҷаи федеролии ин кишвар ташкил мешавад. Бино ба таҳлилҳои Раёсати буҷаи Конгресси Амрико, дар соли 2019 касри буҷа 897 миллиард долларро дар бар хоҳад гирифт. Ин нишондод нисбати соли гузашта 15 дарсад зиёд аст. Ба ҷуз ин, бино ба таҳлили раёсати мазкур, ҳаҷми касри буҷа ҳамасола боло рафта, дар соли 2022 ба 1 триллион доллар хоҳад расид.

Кохи сафед тасдиқ мекунад, ки ислоҳоти нави андоз фоидаовар хоҳад буд, зеро ин ислоҳот бояд ба рушди иқтисод мусоидат кунад. Аммо иқтисоддонон ақидаи мазкурро ҷонибдорӣ намекунанд.

XS
SM
MD
LG