Ссылки доступа

Беш аз 100 вагон бори Тоҷикистон дар Туркманистон дармондааст


Дар пайи роҳбандиҳои Туркманистон, беш аз 100 вагон молу колоҳои Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвар ва ҳам Ӯзбекистон банд мондааст.

Бино ба санаде, ки 12-уми феврал дастраси мо шуд, то 8-уми феврал ба далели қабул накардани идораи Роҳи оҳани Туркманиcтон дар ҳафт истгоҳ 108 вагони боркаши Тоҷикистон дармонд.

Дар ин санад гуфта мешавад, вагонҳо дар истгоҳҳои роҳи оҳани Туркменбошӣ, Сарахс, Мари, Талимарҷон, Амударё ва Келиф истодаанд. Дар дохили вагонҳо молу маҳсулоти гуногуни ниёзи Тоҷикистон, аз ҷумла равғани пахта, қиёми шир, маводи сӯзишворӣ ва санги мармару кокс - як ашёи хоми зарурии ширкати алюминиюми Тоҷикистон "Талко" будааст.

Ҷамшед Нуров, намояндаи бахши мусофиркашонии идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар Русия гуфт, то кунун аз ҷониби Туркманистон нисбат ба қаторҳои мусофирбар монеае эҷод нашудааст. Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, низ дар посух ба суоли мо дар ин замина гуфта буд, ки Душанбеву Ишқобод созишномаи шарикии стратегиро имзо кардаанд ва набояд барои якдигар монеа эҷод кунанд.

"Дар бораи сабабҳои банд мондани мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар Туркманистон то ба ҳол ягон ҷавоби расмӣ нагирифтем. Ҳарчанд дар сатҳҳои гуногун мо инро хоҳиш кардем. Чунин мушкилот набояд дар байни кишварҳои дӯсту бародар вуҷуд дошта бошад. Моҳи октябри соли 2017 раҳбарони ду кишвар аҳднома дар бораи шарикии стратегиро имзо кардем. Аз рӯи ин аҳднома мо вазифадор ҳастем, ки ягон мушкилот нисбат ба якдигар насозем. Дигар созишномаҳои дуҷониба низ ҳастанд, ки мувофиқи он мо бояд ба кумаки ҳамдигар шитобем, на ин ки эҷоди мушкилот", - афзуд ӯ.

Роҳбандиҳои Ишқобод танҳо бо қаторҳои боркашони Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Балки мошинҳои боркашҳои худи Тоҷикистон ҳамчунон иҷозаи убур аз қаламрави Туркманистонро надоранд. Мақомоти туркман аз рӯзи 4-уми феврали имсол ба ин тараф иҷоза надодаанд, ки мошинҳои борбари Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, то ҳанӯз ҳеч посухи расмӣ аз мақомоти Туркманистон дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG