Ссылки доступа

Дар сӯхтори наздикиҳои Бишкек модаре бо ду кӯдакаш ҷон бохт


В Кыргызстане заживо сгорели двое маленьких детей и их мать
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:28 0:00

Дар натиҷаи сӯхтори як манзили зист дар наздикиҳои шаҳри Бишкек як модар бо ду кӯдакаш ба ҳалокат расиданд. Натиҷаҳои ташхис ва сабабҳои ҳодиса то ҳол расман эълом карда нашудааст.

Вале ба гуфтаи ҳамсояҳо, эҳтимол дорад, ин зан бо ду кӯдакаш, ки 9 ва 1,5 сол доштанд, худкушӣ карда бошад. Зеро муносибати ӯ бо хушдоманаш хуб набуд ва зан пеш аз сӯхтор чанд литр бензин харидааст.

Сӯхтор 12 феврал, тақрибан соатҳои сеи рӯз сар задааст. То омадани оташнишонҳо ҳамсояҳо талош кардаанд, сӯхторро хомуш кунанд, вале намедонистаанд, ки дар дохил одам аст.

"Дару тиреза аз дохил махкам буданд ва садое ҳам шунида намешуд. Агар доду фарёде мебуд, ба дохил медаромадем, аммо набуд", - мегӯяд яке аз ҳамсояҳо Аткамҷон Ёрмуҳаммадов.

Ҳамсояҳо хонаводаро як оилаи хуб номида, мегӯянд, зану шавҳар -- Мерим ва Игор ҷанҷол намекарданд. Вале наздикони хонавода гуфтанд, муносибати миёни келину хушдоман, ки ҳамроҳи онҳо мезист, он қадар хуб набуд.

Ҳамсояи ҳалокшудаҳо Наталя Кравченко гуфт, Мерим пеш аз сӯхтор чанд литр бензин харида буд. "Далелҳо ҳастанд, ки ӯ пеш аз сӯхтор бензин харидааст. Вале маълум нест, ки баъдан чӣ рух додааст", - афзуд ӯ.

Наздикони мард ҳамаи иддаоҳоро рад карда, мегӯянд, ба зан зулм накардаанд. Пулис сабабҳои марги модару ду кӯдакро таҳқиқ дорад.

XS
SM
MD
LG