Ссылки доступа

Блумберг барои рақобат бо Трамп $500 млн ҷудо мекунад


Майкл Блумберг
Майкл Блумберг

Миллиардер Майкл Блумберг - раиси пешини шаҳри Ню-Йорк, муассиси ширкати Bloомberg тасмим дорад, дар маъракаи интихоботии рақиби Доналд Трамп дар соли 2020 на камтар аз 500 миллион доллар харҷ кунад.

Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба як манбаи огоҳ дар Ҳизби демократии ИМА хабар дод.

Аз эҳтимол дур нест, ки рақиби Трамп худи Блумберг хоҳад буд. Дар ҳоле, ки Блумберг ҳанӯз дар бораи пешбарии номзадиаш дар интихоботи президентии соли ояндаи ИМА тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, нашрияи Politico менависад, миллиардер мумкин аст, барои шикаст додани президенти кунунӣ зиёдтар аз 500 миллион доллар харҷ кунад. Ин маблағ 175 миллион доллар бештар аз харҷест, ки Доналд Трамп дар маъракаи интихоботии соли 2016 карда буд.

"500 миллион - ин тақрибан 1 дарсади дороии Блумберг аст. Замоне ки вай бори охир дар интихоботи раиси шаҳри Ню-Йорк ширкат дошт, 100 миллион доллар харҷ карда буд. Ню-Йорк ҳамагӣ 3 дарсади аҳолии Амрикоро ташкил медиҳад. Ба ҳамин далел, 500 миллион доллар барои Блумберг маблағи зиёде нест", - гуфт Кевин Шикӣ, ёвари Блумберг.

Ба гуфтаи Блумберг, тасмими ниҳоиро дар бораи ширкат кардан ё накарданаш дар интихоботи президентӣ вай баъди таҳлили имкониятҳои шахсиаш хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG