Ссылки доступа

Сӯхтор дар бинои Эътилофи ҳунармандони Самарқанд (видео)


Шаби 13 феврал дар бинои Эътилофи ҳунармандони Самарқанди Ӯзбекистон сухтор сар зад.

Ин бино дар асри 19 ва дар наздикии майдони Регистони Самарқанд бунёд шудааст. Бештар аз 15 устохонаи рассомон ҳунармандон дар бинои мазкур ҷойгир аст.

Дар натиҷаи оташсӯзӣ бом ва 150 метри мураббаи бино зарар дида, даҳҳо расм сӯхтааст. Сабаби эҳтимолии сухтор расиши ноқилҳои барқ унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG