Ссылки доступа

Аз гумонбарони парвандаи Маркази гармидиҳии Бишкек амволи ғайриқонунӣ пайдо накарданд


Дар Қирғизистон аз гумонбарони фасодкорӣ ва ҳомиёни манофеи ширкати TBEA дар тарҳи бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек пул ё амволе пайдо накарданд, ки ба коррупсия даст задани онҳоро тасдиқ кунад.

Ин иттилоъ 14 феврал дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон замоне садо дод, ки ба вакилон дар бораи тафтиши парвандаи марбут ба Маркази гармидиҳии Бишкек гузориш дода мешуд.

Додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов гуфт, "мо барои ошкор кардани изи пул ҳамаи чораҳоро меандешем. Агар пуле пайдо шуд, зидди гумонбарон парвандаи нав боз карда мешавад".

Вазири пешини иқтисоди Қирғизистон Олга Лаврова, ки яке аз айбдоршавандаҳои парвандаи фасодкорӣ дар маркази гармидиҳӣ аст, дар Бишкек буда, амволаш ҳабс шудааст. Дар ҳоли ҳозир Лаврова муовини мудири кулли ширкати "Газпром Қирғизистон" аст.

Баъди садама дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек, ки рӯзи 26 январи соли 2018 рух дод, се парванда боз шуд. Яке аз парвандаҳо ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби пудратчӣ рабт дорад. Тафтишот бар ин назар аст, ки намояндагони давлат аз манфиатҳои ширкати TBEA ҳимоят кардаанд. Айбдоршавандаи асосӣ дар ин парванда сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов аст. Зиёни ин муомила 111 млн доллар арзёбӣ мешавад. Муҳокимаи парванда дар Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 19 феврал шуруъ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG