Ссылки доступа

Помпео дар суҳбат бо Радиои Озодӣ: "ИМА дар теракти Эрон даст надорад"


Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар суҳбат бо Бахши форсии Радиои Озодӣ - Радиои Фардо даст доштани Амрико ва Исроилро дар ҳамлаи террористии Эрон, ки беш аз 40 кушта бар ҷой гузошт, қотеона рад кард.

Ин ҳамла 13 феврал дар наздикии пойгоҳи низомии шаҳри Чобаҳори вилояти Сиистон сурат гирифт. Ба автобуси низомиёни гуруҳи "ал-Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон маргталабе ҳамла кардааст. Дар натиҷа беш аз 20 низомӣ ва 20 сокини осоиштаи дигар ҷон бохтанд.

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Твиттер навишт, ки ҳамлаи террористии Эрон дар рӯзи Конфронси байналмилалии Ховари Миёна тасодуфан рух надодааст. Ин конфронс бо иштироки 60 кишвар, аз ҷумла Исроилу ИМА ва кишварҳои арабӣ дар Варшава ҷараён дорад. Помпео низ дар он ширкат дорад.

Помпео дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ИМА ба ин теракт ҳеч рабте надорад". "Намояндагони бештари кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Аврупо бо Ҷавод Зариф мулоқот карданд. Вай худро сиёсатмадори "муътадил" нишон медиҳад. Вале ин паёмҳои ӯ муътадил нестанд. Амрикоиҳо ва исроилиҳоро дар куштор айбдор кардан аслан мавқеи муътадил нест. Ин нишон медиҳад, ки Зарифу президент Ҳасан Руҳонӣ ба монанди раҳбарони дигари Эрон тундраванд".

Котиби давлатии ИМА гуфт, умед дорад, Эрон рӯзе кишваре хоҳад шуд, ки дигар хатару таҳдиде барои дигарон нахоҳад дошт. Вале ба гуфтаи ӯ, тағйири самти сиёсати Эрон набояд аз берун, балки аз дохил сурат гирад. Ӯ афзуд, ки бовар дорад, самти сиёсати пешгирифтаи кунунии Эронро на ҳамаи сокинони он мепазиранд.

Помпео мегӯяд, тамоми эътилоф ба хулосае омадааст, ки таҳдиду хатарҳои Эрон воқеиянд."Вале дар шеваи вокуниш ба ин таҳдидҳо назарҳо гуногунанд. Мо ҳанӯз ҳам фикр мекунем, ки рафтори Эрон бояд бо мусоидати сокинони худи он аз дохил тағйир ёбад. Садои мардуми Эрон бояд шунида шавад. Мардуми Эрон тавоно ва боҳушанд. Онҳо метавонанд кишвари худро идора кунанд ва вақте ин кор шуд, тамоми Ховари Миёна низ минтақаи амнтаре хоҳад гашт", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG