Садҳо мошини боркашу сабукрав бо мусофиронашон дар роҳ банд мондаанд. Бештари ронандҳое, ки ба зуд боз шудани роҳ бовар надоранд, бармегарданд. Вале онҳое, ки ба ҷое шитоб доранд, ҳанӯз ҳам дар ҳавои сард боз шудани роҳро мунтазиранд.
"Сӯзишвории мошинҳо ба поён мерасад: мо ҳамеша худро гарм мекунем. Ваъда медиҳанд, ки пас аз як ё ду соат роҳ боз мешавад. Мунтазирем", - мегӯяд яке аз ронандаҳои дармонда.
"Мо донишҷӯён аз Кулоб ҳастем ва ба Хуҷанд меравем. Дар даст билет дорем, бояд имрӯз аз Хуҷанд ба Русия парвоз кунем. Зоҳиран сари вақт ба ҳавопаймо расида наметавонем. Дер мекунем", - шикоят доранд ҷавонон.
Ба гуфтаи мақомот, тозакунии роҳҳо шабонарӯзӣ идома дорад. Вале ба далели қатъ нашудани боридани барф корҳо дар минтақаҳои куҳӣ мушкилтар шуда, наметавонанд, бигӯянд, ки ҳаракат кай дубора имконпазир хоҳад шуд. Кормандони наҷот мегӯянд, вазъ дар роҳи Душанбе-Чаноқ то рафт бад мешавад ва аз сокинон даъват доранд, ки тариқи ин роҳ сафар накунанд.
"Мо борҳо ба воситаи расонаҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ сокинонро огаҳ кардем, ки рӯзҳои 13-14 феврал ҳаво номусоидтар мешавад. Вале мутаассифона гуш намекунанд", - гуфт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Умеда Юсупова.