Ссылки доступа

Раҳимзода: ОМОН барои озод кардани гаравгонҳо ба зиндони Хуҷанд ворид шуд


Министр внутренних дел Таджикистана Рамазон Рахимзода
Министр внутренних дел Таджикистана Рамазон Рахимзода

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мегӯяд, ошӯбгарон дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд ҳафт нозири маҳбасро гаравгон гирифта, дар иваз аз ҳукумат озодиашонро талаб карда буданд.

Раҳимзода 14 феврал гуфт, "талаби маҳбусон ғайриқонунӣ буд ва бинобар ин, нерӯҳои махсус вориди амалиёт шуданд". Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои ОМОН панҷ гаравгонро аз дасти исёнгарон озод карданд. "Аллакай ду гаравгон кушта шуда буданд. Мо тавонистем панҷ нафари боқиро озод кунем", - афзуд ӯ.

Охири моҳи январ Илҳом Назиров, намояндаи Додситонии кул, низ дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, "амалиёт барои пахши исён зарур буд, вагарна қурбониёни ҳодиса ба маротиб бештар мебуд."

Ошӯб дар зиндони сеи Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябри соли гузашта иттифоқ афтод. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса аз ду тараф беш аз бист нафар кушта шуданд. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.

Масъулияти ташкили ошӯбро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) ба ӯҳда гирифтааст. Охири соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, 12 ошӯбгар узви ДИ буда, дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. Рамазон Раҳимзода низ "гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ"-ро масъули исён дар зиндони Хуҷанд донист.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти комили ошӯб дар зиндони Хуҷанд ва иллатҳои онро ошкор накардаанд. Дар ҳоле ки қаблан иддао мешуд гӯиё мавридҳои шиканҷа ва фасод дар ин зиндон ба ошӯб оварда расондааст.

Ду ҳафта пеш вазири адлияи Тоҷикистон, ки раёсати зиндонҳо дар итоаташ аст, аз ҳамагуна ҷавоб гуфтан дар бораи ошӯб худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ба ҳамаи суолҳо Додситонии кул баъди анҷоми таҳқиқот посух хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG