Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди хариду фурӯши барқ дар фасли баҳору тобистон гуфтугӯ доранд.
Мадумар Асозода, муовини раиси "Барқи тоҷик" хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, соли ҷорӣ тарофаҳои барқро боло барад. Арзиши ҳар киловат соат барқ баъди ба созиш расидани ҷонибҳо эълон хоҳад шуд.
Ӯзбекистон соли гузашта барои ҳар киловат соат барқи Тоҷикистон 2 сент (наздики 20 дирам) пардохт карда буд. Тоҷикистон тасмим дорад, дар соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон 1,6 млрд кВ соат барқ (зиёда аз 200 млн кВсоат бештар аз соли гузашта) содир кунад.
Дар соли 2009 доду гирифти барқ миёни ду кишвар қатъ шуда буд. Аммо дар моҳи апрели соли 2018 дубора ин ду кишвар хариду фурӯши барқро шуруъ карданд.