Ссылки доступа

Тоҷикистон 5000 тақвими созмони насрониро мусодира кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 14 феврали соли 2019. Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ кард, ки 5 афсараш бо истифодаи нерӯи барқ дар муқобили боздоштшудаҳо муттаҳам мешаванд. Хадамоти гумрук тақвимҳои созмони насрониро мусодира кард. Роҳи Душанбе аз хавфи тарма баста шуд. Кумитаи забон аз нашрияи "СССР" шикоят кард. (видео)

- Гуфтугӯи ихтисосии вазири умури хориҷии Амрико бо Радиои Озодӣ. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе 14-уми феврал дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Ниюшо Буғротӣ, хабарнигори Радиои "Фардо" (бахши форсии Радиои Озодӣ) гуфт, бархӯрдҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бо Эрон аз ҳам фарқ доранд(видео)

- Мусодираи тақвимҳои созмони насронӣ. Мақомоти Тоҷикистон панҷ ҳазор тақвими калисои баптистӣ, як созмони масеҳиро мусодира ва нобуд кардаанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки назорат ба ҳама гуна фаъолияти мазҳабӣ дар кишвар шадид шуда, ин ба созмонҳои ғайриисломӣ ҳам рабт мегирад. (видео)

- "Барқи тоҷик" беш аз 2 миллиард доллар қарздор аст. Мақомоти "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ шарҳ доданд, ки чаро ширкат беш аз ду миллиард доллар сомонӣ қарздор аст (видео)

- Кумитаи забон "СССР"-ро ба нақзи қоидаи забон айбдор кард (видео)

- Маҳбуба Азимова дар бораи интихобот: "Ба мо чӣ намерасад, ки...". "То куҷо шанси номзад шудани як зан дар интихоботи президентии соли ояндаи Тоҷикистон воқеӣ аст?" (видео)

- Вокунишҳо ба изҳороти раиси Истаравшан дар бораи масҷидҳо. Изҳороти раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар мавриди онки “ҳар касе ба масҷид рафт, бо фикри солим берун намеояд”, тайи як ҳафтаи охир бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст (видео)

- Дар Душанбе барои хонасозон боҷи нав ҷорӣ шуд. Дар Тоҷикистон соли гузашта беш аз 1 миллион метри мураббаъ манзил сохта ба истифода дода шудааст, ки дар солҳои охир рекордӣ мебошад. Аммо бо ин вуҷуд то ба ҳол аксари сокинон дар ин кишвар бинобар гарон будани нархи хона наметавонанд соҳиби сарпаноҳ шаванд (видео)

- Осиё: мақомоти Қазоқистон қоидаи нави сабти номи рӯзноманигоронро ҷорӣ мекунанд. Вале рӯзноманигорони қазоқ аз ҷорӣ шудани он розӣ нестанд: он зидди Конститутсия ва қонуни ВАО аст. Муфаттишон: бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек ба буҷа $111 млн зиён овард.(видеои Настоящее время)

- "Бештари рӯзноманигорон сабти ном шуда наметавонанд": мегӯяд ҳуқуқшинос дар шарҳи фармони вазир Абоев​. (видеои Настоящее время)

- Назари Назарбоева дар бораи нақшаҳои сахттар кардани қоидаҳо барои рӯзноманигорон. Вакили сенати Қазоқистон Дариға Назарбоева, раиси кумитаи иҷроияи Конгресси рӯзноманигорони Қазоқистон ва духтари калонии президент Назарбоев нақшаҳои сахттар кардани қоидаҳоро барои рӯзноманигорон шарҳ дод (видео)

- Норини Қирғизистон: хонандагон дар сармои зимистон пиёда ба мактаб мераванд (видео)​

- "Талоши навбатии ҷорӣ кардани сензура": қоидаи нави сабти номи рӯзноманигорон дар Қазоқистон. (видеои Настоящее время)​

- Москва: маллоҳони боздоштшудаи украин дар ҳабс мемонанд. Додгоҳе дар Москва ҳукми ҳабси маллоҳони боздоштшудаи украинро бетағйир гузошт. Ин маллоҳон дар соҳили Қрим боздошт шуда буданд (видео аз Директ)

- "Шаҳри бехатар" дар Бишкек фаъол шуд. Акнун дар кӯчаҳо чи гуна бояд равуо кард? (видеои Настоящее время)

- Дарс бо нақзи қоидаҳои эҳтиёт аз сӯхтор. Мушкили низоми гармидиҳии мактаби деҳаи Явленка дар шимоли Қазоқистон 3 моҳ аст, ҳал намешавад. Хонандаҳо мегӯянд, ба иллати аз сифр поин будани ҳарорати ҳавои синфхонаҳо раванди дарс халалдор мешавад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG