Ссылки доступа

Трамп метавонад рӯзҳои наздик дар ИМА вазъи фавқулода эълон кунад


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп лоиҳаи қонуни сармоягузории ҳукумати федеролиро имзо карда, барои дарёфти маблағи бунёди девор дар марз бо Мексика вазъияти фавқулода ҷорӣ карданист. Дар ин бора 14 феврал сенатори ҷумҳурихоҳ Митч Макконел хабар дод.

Хабари онро, ки мумкин аст, дар ИМА шароити фавқулода ҷорӣ шавад, сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс низ тасдиқ кард. "Президент бо эъломи вазъияти фавқулодаи миллӣ, "ба ваъдаи худ барои бунёди девори марзӣ ва ҳифзи марзҳои Амрико" амал хоҳад кард", - навишт ӯ дар Твиттер.

Пештар хабар доданд, ки демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар робита ба масъалаи амнияти марзҳои ҷанубӣ ба созиши пешакӣ расидаанд. Ин созиш бояд барои пешгирӣ аз шатдауни навбатӣ -- қатъи фаъолияти ҳукумат дар рӯзи 15 феврал мусоидат мекард.

Созиш ҷудо кардани беш аз 1,5 миллиард долларро барои бунёди девор дар марзҳои ҷанубӣ пешбинӣ мекунад. Трамп барои ин девор ҳудуди 6 миллиард доллар талаб дорад.

Носоҳгорӣ миёни ҳукумати Доналд Трамп ва демократҳо дар бораи ҷудо кардани маблағи девори марзӣ боис шуд, ки бахше аз идораҳои ҳукумати федеролии Амрико ба муддати 35 рӯз кори худро қатъ кунанд. Ин дарозтарин таътили идораҳои давлатӣ дар таърихи муосири Амрико буд, ки дар ниҳоят, 25 январ, бо созиши тарафҳо бар сари буҷаи кӯтоҳмуддат ба поён расид.

XS
SM
MD
LG