Ссылки доступа

Трамп аз ИА хост, беш аз 800 ҷангҷӯи боздоштшудаи ДИ-ро пас гиранд


Президенти ИМА Доналд Трамп эълом кард, ки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИ) дар ҳоли фурӯпошист ва аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) хост, садҳо ҷангҷӯи боздоштшударо “бозпас бигиранд”.

Трамп рӯзи 16-уми феврал дар “Твиттер” навишт, “Амрико аз Бритониё, Фаронса, Олмон ва ҳампаймонони дигари аврупоӣ мехоҳад, то беш аз 800 ҷангҷӯи ДИ-ро, ки мо дар Сурия дастгир кардем, пас гирифта ва ба ҷавобгарӣ бикашанд”.

Ба гуфтаи Трамп, дар сурати ғайр ИМА маҷбур аст, ҷангҷӯёни боздоштшударо раҳо кунад ва онҳо пас аз раҳоӣ эҳтимол дорад, ба Аврупо баргарданд. Президенти ИМА дақиқ нагуфт, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони кишварҳои Аврупоянд. Вале пештар хабар дода буданд, ки дар сафи ҷангҷӯёни ДИ садҳо шаҳрванди кишварҳои аврупоӣ қарор доранд. Ба назари мақомоти махсуси кишварҳо, як қисми ҷангҷӯён пас аз он ки созмон бештари минтақаҳои худро аз даст дод, ба ватан баргаштанд.

Ба қавли Доналд Трамп, Амрико пас аз пирӯзии 100-дарсадӣ баp “хилофат” аз Сурия хориҷ хоҳад шуд.

Фармондеҳии Нирӯҳои демократии Сурия, ки аз сӯи ИМА ҳимоят мешаванд, ахиранд гуфт, дар дасти ҷангҷӯёни ДИ танҳо як минтақаи аҳолинишин мондааст. ДИ чанд сол пеш минтақаҳои зиёди Ироқу Сурияро дар ихтиёр дошт.

Низомиёни ИМА, Русия ва Туркия тайи солҳои 2016-2018 шикасти ДИ-ро борҳо эълом карданд, вале ҷангҳо зидди он ҳанӯз ҳам идома доранд.

XS
SM
MD
LG