Ссылки доступа

Тоҷикистон роҳи ҳаётии се ноҳияи Афғонистонро боз кард


Мақомоти Тоҷикистон баъд аз якуним моҳ як пулеро дар ҷануби кишвар боз карданд, ки дар зимистон ягона роҳи таъмини рустоҳои марзии Афғонистон бо маводи ғизоӣ ба ҳисоб меравад.

Пули "Шӯрообод-Хоҳон”- ро ки барои интиқоли молу маҳсулот ба чанд ноҳияи марзии шимоли Афғонистон хидмат мекард, рӯзи 1-уми январ бастанд.

Ин роҳи иртиботӣ бо Афғонистон баъди он баста шуд, ки қочоқбарони маводи мухаддир аз он кишвар Турахон Нурматов, як чӯпони 42- солаи тоҷикро рабуданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки пул “бо далели амниятӣ” баста шуд.

Баъд аз сокинони ноҳияи Хоҳони Афғонистон гуфтанд, ки баъди бастани пул, воридоти маводи ғизоӣ ба ноҳияи онҳо қатъ шуд ва агар пулро ба зудӣ боз накунанд, мумкин аст, мардум ба гуруснагӣ дучор шаванд.

Некмаҳмад Назарӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 16-уми феврал гуфт, масъалаи боз кардани пул дар сатҳи вазоратҳои хориҷии ду кишвар баррасӣ шуд ва пас аз сӯҳбати ду ҷониб Тоҷикистон пулро боз кард.

“Ин пул барои мардуми се ноҳияи Бадахшон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Бархе маҳсулоти соҳибкорон пӯсид, вале ба ҳар ҳол, мардум ба маҳсулоти аввалияи ғизоӣ дастрасӣ пайдо кард” – гуфт, ӯ.

Некмаҳмад Назарӣ гуфт, Тоҷикистон далели баста шудани пулро барои онҳо расман шарҳ надод. Се ноҳияи наздимарзии Бадахшон иртиботи мустақим бо вилоятҳои дигари шимолии Афғонистонро надоранд ва бояд аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва пули “Шӯрообод-Хоҳон”ба ноҳияҳои худ бирасанд.

Ноҳияҳои Хоҳон, Кӯфоб ва Шикайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар зимистон ба марказ роҳ надоранд, аз ин рӯ, танҳо тариқи ин пул молу маҳсулот ворид мекунанд. Молу маҳсулоте, ки аз вилояти Кундузи Афғонистон харидорӣ мешавад, тариқи ин пул, пас аз убури хоки Тоҷикистон, дубора вориди ин қисмати Афғонистон мешаванд.

Ҳабибулло Усмонӣ, сокини дигари ноҳияи Хоҳони Афғонистон дар як паёми катбӣ навишт, “бархе мошинҳо ба фурӯши маводи ғизоӣ оғоз карданд”.

Тоҷикистон дар гузашта ҳам баъд аз тирандозии қочоқбарон ва ё рабудани ягон шаҳрвандаш, пулҳои иртиботӣ бо Афғонистонро бастааст.

Моҳи декабри соли 2017 пас аз кушта шудани Хайриддин Аҳтамов, полковники нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Тоҷикистон панҷ пул ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро барои муддате қатъ кард.

Пуле, ки боз карданд, 180-метр дарозӣ дорад ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Пули мазкурро кӯмаки Бунёди Оғохон ва ҳукумати Олмон ва бо харҷи бештар аз 3 миллион доллар сохтаанд.

XS
SM
MD
LG