- Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагӣ ва интихобот. Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки моҳе пеш бознишаста шуд, мегӯяд, интихоботи президентии соли 2020 ором ва бидуни ягон тағйири ҷиддӣ сурат мегирад (видео)
- Дар Тоҷикистон маъмурони пулис вазифадор шуданд, ба китобхона бираванд. (видео аз Директ)
- Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун. Дар ноҳияи Деваштич Илҳомҷон Худойбердиев, як сарбози вазорати мудофиаро дафн карданд, ки дар воҳиди низомӣ дар Роғун ҷон бохт. Ҷасади сарбози 20-соларо рӯзи 16-уми феврал дар зодгоҳаш деҳаи Работ ба хок супурданд. Сабабҳои марг ҳоло маълум нест. (видео)
- "Рафиқам дар пеши чашмам пора шуд". Рӯзи 15-уми феврал аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон 30 сол пур шуд. Дар ин рӯз садҳо сарбози тоҷик, ки дар ин ҷанг ширкат карданд, дар бораи дурустӣ ва нодуруст будани ин ҷанг суҳбат мекунанд. (видео)
- "Рости гап, аз ҳамин андозсупорӣ безор шудем". Мақомоти Кумитаи андоз мегӯянд, мумкин аст, қимати хадамоти интернет боло равад, чун мехоҳанд, ширкатҳои мобилӣ ва интернетӣ андози бештар бисупоранд. Аз ҷумла барои истифодаи ИМО, Вотсапп ва Вайбер (видео)
- "Ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд". Додситонии Тоҷикистон ба зидди чаҳор афсари вазорати умури дохилӣ барои шиканҷаи як ҷавон ва сӯистифода аз мақом парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳамза Солеҳов нақл кард, ки чӣ гуна бо ӯ бадрафторӣ сурат гирифт. Вазири умури дохилӣ боз шудани парвандаро тасдиқ кард (видео)
- Human Rights Watch аз тақдири Шарофиддин Гадоев нигарон аст. Муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch Стив Свердлов дар робита ба тақдири Шарофиддин Гадоев ибрози нигаронӣ кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин мухолифи ҳукумат бо хоҳиши худ ба ватан баргаштааст. (видео)
- "Аксари рӯзноманигорон наметавонанд, иҷозатнома бигиранд": ҳуқуқшинос фармони вазир Абаевро шарҳ дод (видеои Настоящее время)
- Назари Назарбоева дар бораи нақшаҳои сахттар кардани қоидаҳо барои рӯзноманигорон. Вакили сенати Қазоқистон Дариға Назарбоева, раиси кумитаи иҷроияи Конгресси рӯзноманигорони Қазоқистон ва духтари калонии президент Назарбоев нақшаҳои сахттар кардани қоидаҳоро барои рӯзноманигорон шарҳ дод (видео)
- Норини Қирғизистон: хонандагон дар сармои зимистон пиёда ба мактаб мераванд (видео)
- Туркманистон: Тасвирҳои ҳафта. (нигористон)
- Идеяи эъломи ҳолати изтирорӣ мухолифи изҳороти худи Трамп дар соли 2014 аст. (видео аз Директ)
- Қонуни Русия дар бораи интернети мустақил: битарсем ё бихандем? (видео аз Директ)