Ба огаҳии департамент, шаби шанбе дар яке аз манзилҳои зисти кӯчаи Жанакурилиси Курсай сӯхтор ба амал омад, ки дар дохилаш се кӯдак ҳузур доштанд. Кӯдаки калонӣ аз ҳамсояҳо кумак хостааст. Дар натиҷа навраси 13-сола, ҳамсояи онҳо то омадани кормандони оташнишонӣ ду кӯдаки 5 ва 3-соларо наҷот додааст. Манзили зист ба масоҳати 60 метри мураббаъ пурра ба коми оташ фурӯ рафтааст.
Кормандони оташнишонӣ сӯхторро дар давоми ду соат хомӯш кардаанд. Вазъи кӯдакони наҷотёфта муътадил арзёбӣ мешавад.