Ссылки доступа

Ҷавони 28-солаи тоҷик "мошини нав" ихтироъ кардааст (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Модаре, ки шаш сол духтарашро заҷр дод, шаш сол зиндонӣ шуд (видео аз Директ)

- Истиқболи Муҳаммад Бин Салмон бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ. Ҳукумати Покистон барои истиқболи ҳавопаймои валиаҳди Шоҳи Арабистони Саудӣ, Шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон, се ҳавопаймои ҷангиро фиристод. Муҳаммад бин Салмон рӯзи 17-уми феврал вориди Покистон шуд ва ду тараф бо арзиши 20 миллиард доллар созишнома ва қарордод имзо карданд (видео)

- Ҷавони 28-солаи тоҷик "мошини нав" ихтироъ кардааст. Ҷамолиддин Ашуров, сокини 28-солаи ноҳияи Фархор мошине сохтааст, ки ба гуфтаи худаш дар 100 километр се литр сӯзишворӣ масраф мекунад (видео)

- Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт. Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки моҳе пеш бознишаста шуд, мегӯяд, интихоботи президентии соли 2020 ором ва бидуни ягон тағйироти ҷиддӣ сурат мегирад (видео)

- Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун. Дар ноҳияи Деваштич Илҳомҷон Худойбердиев, як сарбози вазорати мудофиаро дафн карданд, ки дар воҳиди низомиаш дар Роғун ба ҳалокат расидааст. Ҷасади сарбози 20-соларо рӯзи 16-уми феврал дар зодгоҳаш деҳаи Работ ба хок супурданд. Сабабҳои марг ҳоло маълум нест (видео)

- Модарони серфарзанд дубора дари мақомотро мекӯбанд. Даҳҳо модари серфарзанд дирӯз ба ҳукумати ноҳияи Алатауи шаҳри Алматои Қазоқистон рафтанд. Занҳо масъалаи кумакпулӣ, манзил, ғизои ройгон барои хонандагонро дар миён гузоштанд (видео)​

- Дар Ҷалолобод ҷавонон аз мошинҳои оддӣ мошини электронӣ месозанд (видео)

- Норин: дар фасли сармо кӯдакон пиёда ба мактаб равуо мекунанд (видео)​

- Чаро артиши шӯравӣ вориди Афғонистон шуд (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG