Ссылки доступа

Шаш соли зиндони модар барои шаш соли азиятҳои духтараш (видео)


В Алма-Ате дали шесть лет колонии матери, которая шесть лет издевалась над дочерью
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:32 0:00

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 18 феврал модареро, ки дар шаш соли ахир духтарашро латукӯб мекард, ба шаш соли зиндон маҳкум намуд.

Додгоҳ қарор кард, ки Анна Иванова духтараш Дианаро шадидан латукӯб мекард, масъулиятҳои модарии худро иҷро намекард ва ба ҳамин хотир барои ҳар як соли азияти духтараш яксолӣ дар зиндон мемонад.

Бори аввал дар Қазоқистон азиятҳои Диана соли 2011 расонаӣ шуд. Он замон модаркалонаш духтари хурдсолро бо асои бағалаш шадидан латукӯб кард ва кӯдакро ба бахши эҳёгарии бемористон интиқол доданд. Баъди ин модаркалонро аз ҳаққи муошират бо кӯдак маҳрум ва ба Русия истирдод карданд. Диана дар тарбияи модараш монд. Баъди ин духтарак ба мактаб нарафт, ба гуфтааш, дар рӯи фарш мехобид ва вақте ба хона одамони бегона меомаданд, ӯро ё дар дохили ҷевон ва ё дар пушти дари ҳаммом пинҳон мекарданд.

Дар додгоҳ кӯдак нақл кард, ки модараш ӯро чигуна азият мекард: гӯшашро бо анбӯр бурида, дандонашро бо болға шикаста буд.

Анна Иванова гуноҳи худро қисман эътироф кард ва гуфт, ки ҳар вақте ба духтараш даст мебардошт, танҳо ба хотири гуноҳ кардани ӯ буд.

Анна Иванова ба ҷуз Диана боз ду духтари калонтари дигар дорад. Калониаш 18-сола аст. Дианаро дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаҳои додгоҳӣ ба тарбияи волидони муваққатӣ ва ба шаҳри дигар интиқол доданд. Қарор аст, сохторҳои махсуси парасторӣ сарнавишти минбаъдаи кӯдакро муайян кунанд.

Дар қарори додгоҳ инчунин амр шудааст, ки масъулият ва кори хадамоти парасторӣ ҳам санҷида шавад. Онҳо бояд ба ин савол посух диҳанд, ки чаро вақте кӯдак бо нишонаҳои латукӯб ба мактаб ҳозир мешуд, касе чораҷӯӣ накард.

XS
SM
MD
LG