Ссылки доступа

16 аёлат дастури вазъи фавқулодаи Трампро ба додгоҳ кашиданд


Шонздаҳ аёлати Амрико, аз ҷумла Калифорния ва Ню-Йорк рӯзи душанбе зидди фармони президент Доналд Трамп барои эъломи ҳолати изтирорӣ дар минтақаҳои марзии ин кишвар бо Мексика ба додгоҳи Сан-Франсиско шикоят бурданд.

Ин фармон ба Трамп имкон медиҳад, ки дар бунёди девори марзӣ назар ба пули ҷудокардаи Конгресс чандин миллиард доллар бештар харҷ кунад. Вале аёлатҳо мегӯянд, эъломи вазъи фавқулода барои бунёди девори марзӣ хилофи Конститутсияи Амрикост.

Трамп рӯзи ҷумъа пас аз он ки Конгресс талаби ӯро барои ҷудо кардани ҳудуди 6 миллиард доллар ба бунёди девор рад кард, дар марзҳои ҷанубии ИМА ҳолати изтирорӣ эълом намуд. Бунёди девор дар марз бо Мексика яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Трамп дар соли 2016 аст.

Дар Вашингтон, Чикаго ва даҳҳо шаҳри дигари Амрико фаъолон зидди фармони Трамп барои эъломи вазъи фавқулода даст ба эътироз заданд.

XS
SM
MD
LG