Ссылки доступа

Бозигари турк Бурак Озчивит дар ивази $379 ҳазор бо занони сарватманди Тошканд чойнӯшӣ кард (видео)


Бозигари машҳури синамои турк Бурак Озчивит сари дастурхоне бо ҳамсарони сарватмандон, занони соҳибкор ва зебосанамҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мулоқот ва дар 2,5 соат 379 ҳазор доллар даромад кард.

Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 18 феврал хабар доданд, ки бозигари синамо барои сарфи ғизои нисфирӯзӣ бо занҳо - ҳаводорони ҳунари бозигариаш ба шаҳри Тошканд даъват шудааст.

Ба навиштаи расонаҳо, Озчивит ҳамроҳ бо коргардонони ӯзбек масъалаи ҳамкориро низ гуфтугӯ кардааст.

Бозигари турк аксу наворҳояшро аз шаҳри Тошканд дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Бурак Озчивит бо нақшҳояш дар филмҳои "Асри шигифтангез", "Ишқи сиёҳ" ва ғайра машҳур аст.

XS
SM
MD
LG