Ссылки доступа

Унвони "Аълочии маориф"-и вакили порлумони Қирғизистонро месанҷанд


Ҳуқуқшинос Кайрат Осмоналиев аз котиби Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон дархост кард, ки қонунӣ будани унвони "Аълочии маориф"-и вакили порлумони ин кишвар Тазабек Икромов санҷида шавад. Дар ин бора худи Осмоналиев хабар дод.

Ба гуфтаи Осмоналиев, фармони додани унвони "Аълочии маориф" ба вакили порлумони Қирғизистон ғайриқонунӣ аст. Зеро Икромов худ узви кумитаи порлумон дар умури маориф аст ва эҳтимол дорад, мақом вай дар дарёфти унвон таъсир расонда бошад. Ӯ талаб дорад, ки додситонӣ ба қазия баҳои ҳуқуқӣ диҳад.

Ёдрас мешавем, додани унвони "Аълочии маориф" ба Икромов, ки таҷрибаи омӯзгории зиёд надорад, баҳсҳоеро ба бор оварда, боиси танқид шудани Вазорати маорифи Қирғизистон шуд. Жапаркул Ташиев, як масъули вазорат ​гуфт, ба Икромов барои он унвони мазкурро доданд, ки бо бунёди толорҳои варзишӣ дар низоми маориф саҳм мегузорад. "Ӯ бо мо ҳамкории зич дорад ва ҳамеша дар тамос аст. Дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ба мо кумак мерасонад", - афзуд Ташиев.

Тибқи муқаррарот, унвони "Аълочии маориф"-и Вазорати маорифи Қирғизистон ба шахсоне дода мешавад, ки таҷрибаи 20 соли корӣ дошта, дар низоми маориф саҳми хос гузоштаанд. Икромов танҳо ду сол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии вилояти Ҷалолобод омӯзгорӣ кардааст.

Ӯ муовини раиси кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ аст.

XS
SM
MD
LG