Ссылки доступа

Зодаи Ӯзбекистон даст доштанаш дар теракти клуби шабонаи Истамбулро рад мекунад


Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар анҷом додани ҳамлаи террористӣ дар клуби шабонаи шаҳри Истамбули Туркия муттаҳам мешавад, гуфт ба ин ҷиноят рабте надорад.

Нашрияи Hurriyet навишт, ки Машарипов рӯзи 18 феврал дар додгоҳ гуфт: "Ман ин корро анҷом надодаам. Ман он касе нестам, ки шаби ҳодиса дар клуби шабона дар дасташ силоҳи Калашников буд".

Баррасии парвандаи Абдулқодир Машарипов дар додгоҳ моҳи декабри соли 2017 шуруъ шуд.

Машарипов баъди 17 рӯзи рух додани ҳодисаи террористӣ боздошт шуд.

Додситон барои Абдулқодир Машарипов 40 ҳукми зиндони якумрӣ талаб дорад. Абдулқодир Машарипов - яке аз 57 нафарест, ки бо айби ҳамдастӣ дар ҳамла ба клуби шабонаи Reina боздошт шудаанд. Ҳамсари вай Зарина Нуруллоева низ дар рӯйхати айбдоршавандаҳо аст.

Дар натиҷаи ҳамла ба клуб дар шаби 1 январи соли 2017 39 одам кушта ва 69 тани дигар маҷруҳ шуданд. Масъулияти он ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG