Ссылки доступа

Рӯзноманигорони Қазоқистон омодаанд, зидди қоидаҳои нави сабти номи хабарнигорон эътироз кунанд


Дар Қазоқистон чанд рӯзноманигор барои баргузории эътироз зидди тағйироти нави қоидаҳои сабти номи расонаҳо изҳори омодагӣ карданд. Вазири иттилоот ва иртибототи он кишвар Даврон Абаев гуфт, дар эътирози рӯзноманигорон ширкат ва мавқеашро шарҳ хоҳад дод.

Абаев рӯзи 19 феврал хабар дод, ки ворид кардани тағйир ба қоидаҳои сабти номи рӯзноманигоронро дар чорабиниҳои давлатӣ сармуҳаррирони расонаҳо талаб кардаанд.

Ба гуфтаи вазир, сармуҳаррирон арз кардаанд, ки хабарнигорон баъди аз кор рафтан аз идораи онҳо, аз номи маҳалли кори пешини худ дар чорабиниҳо ширкат кардаанд. Ба ин далел, сармуҳаррирон хостаанд, хабарнигорон вазифадор шаванд, ки ҳангоми ширкат дар чорабиниҳо, амсоли нишастҳои хабарӣ, маҷлиси ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кунанд, ки фаъолияти рӯзноманигорро собит созанд.

"Ҳоло шикоят зиёд мерасад, ки рӯзноманигорон ба як чорабинӣ ворид шуда, баъдан чанд утоқи кориро давр мезананд. Чунин рафтор норавост. Ахлоқи корӣ мавҷуд аст, ки бояд дархост фиристода шавад ва мо вазифадор мешавем, ки посух диҳем. Агар, фаразан, шумо мансабдорро дар долон дидед, метавонед суол диҳед, вале ба утоқи кории вай даромадан нодуруст аст", - гуфт Абаев.

Ворид кардани тағйир ба қоидаҳои сабти номи хабарнигорон миёни кормандони расонаҳои Қазоқистон нигарониро ба бор овард. Рӯзноманигорон мегӯянд, тағйири мазкур хилофи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи дастрасии одамон ба иттилоот аст.

XS
SM
MD
LG