Дар шикояти Холиқов меъёрҳои талаби ҷуброн риоя нашудаанд. Ҳамчунин нусхаи шиноснома ва санадҳое оварда нашудааст, ки даъворо собит кунад.
Додгоҳи олии Қирғизистон мегӯяд, Ҳайдаралӣ Холиқов пас аз ислоҳи камбудиҳо метавонад дубора ба додгоҳ муроҷиат намояд.
Ёдрас мешавем, Ҳайдаралӣ Холиқов 19 феврали соли равон ба додгоҳ муроҷиат ва аз президенти пешин Алмосбек Отамбоев ва собиқ раиси Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон Тойирбек Сарпашев барои ғайриқонунӣ ҳазф кардани сутуни "миллат" дар шиносномаҳои нави қирғизӣ 6 миллион сом (беш аз 86 ҳазор доллар) ҷуброн талаб кард.