Ссылки доступа

Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон


“Раскаявшийся” в Таджикистане оппозиционер заранее записал видео о том, что его могут выкрасть
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:43 0:00

Нашри муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони сиёсӣ ва аз муассисони созмони мамнуи "Гуруҳи 24" баҳсу суоли зиёдеро дар бораи бозгашти ба гуфтаи мақомот, ихтиёрии ӯ ба Тоҷикистон барангехт.

Баъди нашри видеоҳои зиёди тарғиботии расонаҳои давлатӣ дар бораи ӯ, мухолифони ҳукумат муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоевро нашр карданд, ки дар он мегӯяд, агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас ӯро рабудаанд, чун ҳеҷ гоҳ ихтиёрӣ “ба ҳукумат таслим намешавад”.

Шарофиддин Гадоев, ки дар Ҳолланд ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дорад, яке аз фаъолони сиёсӣ дар хориҷ буд, ки пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро бо лаҳни тунд танқид мекард.

Ӯ то замони пайдо шудан дар Душанбе, раиси “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд, ки ҳамроҳ бо Ҳизби мамнӯи ҳизби наҳзати исломӣ ва чанд созмонҳои мухолифи ҳукумат эътиоферо бо номи "Паймони миллии Тоҷикистон" таъсис додаанд.

Дар муроҷиати видеоӣ, ки Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, Шарофиддин Гадоев мегӯяд: “Ман ҳеҷ гоҳ ба хоҳиши худам Тоҷикистон намеравам." Гадоев мегӯяд, бо даъвати Шӯрои амнияти миллии Русия ба Москва рафтааст. Иддаое, ки суолҳои дигареро дар бораи сафари ӯ ба Русия барангехтааст.

Виктория Надеждина, вакили дифои Шарофиддин Гадоев, рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди дар Тоҷикистон пайдо шудани Шарофиддин Гадоев, аз вазорати умури хориҷии Русия сабабҳои ин қазияро пурсидаанд.

“Дар вазорати умури хориҷии Русия ба мо расман посух доданд, ки Шарофиддин Гадоевро дар қаламрави Русия бо назардошти ду дархости расмии сурхи Интерпол дастгир карданд” – гуфт, ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, ки айни замон вазорати умури хориҷии Ҳолланд низ ба таҳқиқи сарнавишти Шарофиддин Гадоев машғул аст ва ваъда додааст, ки дар ин бора ба зудӣ назар хоҳад дод.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ба таҳқиқи муроҷиати видеоии Шарофиддин Гадоев шурӯъ карданд. Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 20 феврал гуфт, навори Гадоевро дидаанд ва тақаллубӣ ва ё дар чӣ шароит ва кай сабт шудани онро таҳқиқ мекунанд.

Ҳамсоягони модари Шарофиддин Гадоев мегӯянд, худи ӯ дар хонаи модараш нест ва баъд аз дидор бо модараш, ки видеои тарғиботии онро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, "ӯро бурдаанд."

XS
SM
MD
LG