Порлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 20-уми феврал протокол оид ба ворид намудани илова ба созишномаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бораи гузаргоҳҳои марзии давлатӣ ба тасвиб расонд, ки бар пояи он, гузаргоҳи нави "Ҳисор-Боботоғ" ба унвони сездаҳумин гузаргоҳ миёни ду кишвар мавриди истифода қарор мегирад.
Ин гузаргоҳ дар 60-километрии ғарби шаҳри Душанбе воқеъ аст ва ноҳияи Ҳисори Тоҷикистонро бо минтақаи Боботоғи вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон мепайвандад. То ба ҳол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 12 гузаргоҳи автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи роҳи оҳан вуҷуд дошт.
Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал тарҳи протоколи гузаргоҳи дуҷонибаи "Ҳисор Боботоғ"-ро дар ҳузури вакилони мардумӣ муаррифӣ кард. Вай гуфт, ин иқдом ба хотири содда намудани равуои сокинони марзии ду кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ гуфт, ин гузаргоҳ ба феҳристи гузаргоҳҳои ду кишвар афзуда мешавад ва метавонад дар рушди тиҷорат мусоидат кунад. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон афзуд, бо шурӯи равуои шаҳрвандони ду кишвар, убуру мурури сокинони Тоҷикистон ба кишварҳои якдигар дар соли 2018 назар ба соли 2017 шашуним баробар афзудааст.
Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пас аз тасвиби ин санад дар Маҷлиси намояндагон, дар як суҳбати кӯтоҳ гуфт, гузаргоҳи "Ҳисор-Боботоғ" танҳо барои убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон дар назар гирифта шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, тӯли марзи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд буд, ки 12 адади он дар вилояти Суғд ҷойгир аст.
То аввали соли 2018 танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии "Дӯстӣ" дар ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва "Фотеҳобод" дар ноҳияи Мастчоҳ, воқеъ дар шимоли кишвар, боз буданд. Гузаргоҳҳои дигар даҳ сол пеш масдуд шуданд.
Дар ҳоли ҳозир миёни ду кишвар 12 гузаргоҳи автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи роҳи оҳан фаъол аст, ки ҳоло гузаргоҳи "Ҳисор-Боботоғ" ба онҳо илова шуд.