Ссылки доступа

Туркманистон сабаби манъи убури мошинҳои Тоҷикистонро шарҳ намедиҳад (видео)


Боркашонҳои тоҷикистонӣ ба далели манъи убур аз ҳудуди Туркманистон хисороти молии зиёд мебинанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Туркманистон сабаби манъи убури мошинҳои боркаши Тоҷикистонро шарҳ намедиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Туркманистон бештар аз 40 мошини боркаш ва 100 вагон молу маҳсулоти Тоҷикистон дар мондааст. Дар ин бора Фарида Яқубова, роҳбари шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон то кунун аз мақомоти Туркманистон дар ин робита шарҳе дарёфт накардааст. "Мо дар якҷоягӣ бо вазорати корҳои хориҷӣ ба Туркманистон муроҷиат кардем, вале то кунун посухе нарасидааст", - гуфт Яқубова.

Мошинҳои боркаши Тоҷикистон ибтидои моҳи феврал дар Туркманистон ба мушкили убур рӯ ба рӯ шуданд. Даҳҳо мошин дар марзи Туркманистон дар монд.

"15 рӯз муҳлат медиҳанд, агар дар ин муддат аз ҳудуди Туркманистон убур накунӣ, барои ҳар рӯзи боқӣ мондан 20 доллар аз мошин ва 10 доллар аз ронанда ҷарима меситонанд", - гуфт Парвиз Шарипов, як ронандаи тоҷик.

Десятки фур остаются на границе с Туркменистаном
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:42 0:00

XS
SM
MD
LG