Ссылки доступа

Духтари Назарбоев мегӯяд, ба баҳодиҳии озодии баёни Қазоқистон нигоҳи манфӣ дорад


Дариға Назарабоева, вакили сенати Қазоқистон ва духтари президенти он кишвар гуфт, ба баҳодиҳии вазъи озодии баён назари манфӣ дорад.

Дариға Назарбоева дар робита ба бадшавии мавқеи Қазоқистон дар "Шохиси озодии расонаҳо" назарашро баён кард. Ин шохис аз сӯи созмони байналхалқии "Reporters Without Borders" ё "Хабарнигорони бидуни марз" таҳия шудааст.

"Шумо бар ин назаред, ки мо озодии баён надорем? Агар мехоҳед - ҳамаро дашном диҳед, танқид кунед. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвари мо ошкоро дар бораи ҳама чиз менависанд", - гуфт Назарбоева.

Вай афзуд, ки ба баҳодиҳиҳо "набояд ҳамеша эътимод кард". "Ба он бастагӣ дорад, ки онҳоро кӣ ва бо чи ҳадафе ташкил мекунад. Ба ин хотир ман ҳамеша ба баҳодиҳиҳо назари танқидӣ дорам", - гуфт Назарбоева.

Қазоқистон дар "Шохиси озодии расонаҳо", ки моҳи апрели соли гузашта нашр шуда буд, мақоми 159-ро соҳиб шудааст. Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" мегӯяд, дар охири соли 2017 дар қонунгузории Қазоқистон тағйироте ворид шуд, ки кори расонаҳоро мушкилтар кард.

"Рӯзноманигорон ҳабс мешаванд, дар ҳоли ҳозир Интернет назорати шадид мешавад, бархе сомонаҳо ва паёмрасонҳо масдуд мегарданд", - омадааст дар гузориши созмони мазкур.

XS
SM
MD
LG