Ссылки доступа

Вакили мудофеъ мегӯяд, навори фошкунандаи асрори ӯ кори дасти кумитаи амният аст


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар бораи Нурбек Токтакунов - вакили мудофеи сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов нақл мекунад.

Дар ин навор гуфта мешавад, "Нурбек Токтакунов дар куштори корманди милиса дар ҳодисаҳои соли 2010 дар вилояти Ӯш даст дорад ва аз бемории равонӣ ранҷ мебарад".

Вале вакили мудофеъ мегӯяд, наворро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таҳия кардааст. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба танқиди мақомот бархоста, изҳор медоранд, ки ин амал "талоши таҳқири инсон бо роҳи дахолат кардан ба ҳаёти шахсии вай" аст.

Дар наворе, ки бештар аз 2 дақиқа давом мекунад, саҳнаҳое аз ҳаёти хусусии Нурбек Токтакунов нақл шудааст.

"Ин кори дасти КДАМ аст. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд ба ман ишора кунанд, ки хомӯш бошам. Маро "шантаж" мекунанд. Аммо онҳо чи ҳақ доранд, ки ба ҳаёти шахсии ман дахолат кунанд? Ман барои ҳуқуқи инсон, озодиҳои ӯ ва озодии баён фаъолият мекунам. Оё бад кардани ман ба нафъи давлат ё хориҷи кишвар аст?", - гуфт вакили мудофеъ.

Нурбек Токтакунов вакили мудофеи сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов аст. Исҳоқов ба фасодкорӣ дар ҷараёни навсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек айбдор мешавад.

Токтакунов гуфт, нияти ба додгоҳ муроҷиат карданро надорад, зеро ба низоми додгоҳии Қирғизистон эътимод надорад.

Ин вакили мудофеъ дар соли 2018 ҳуҷҷатҳоеро нашр карда буд, ки гӯё "ҳаҷми воқеии харҷи маъракаи интихоботии президент Сооронбой Ҷеенбеков"-ро нишон медоданд.

XS
SM
MD
LG