Ба иттилои ин ниҳод, воридоти картошка, себ ва хурмои Қирғизистон ва анори Ӯзбекистон манъ шудааст. "Вақтҳои охир ҳодисаҳои ошкор шудани маҳсулоти бесифате бештар шудааст, ки аз ҳудуди ин ду кишвар ворид мегарданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар соли 2018 ва моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 456 ҳолати вайронсозии талаботи ягонаи фитосанитарӣ ҳангоми воридоти маҳсулот аз Қирғизистон ошкор шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, аз молҳои воридотии Ӯзбекистон дар як моҳи охир 2 ҳолати вайронсозии талаботи фитосанитарӣ ба қайд гирифта шудааст.
Кишоварзони Қирғизистон дар фурӯши картошкаашон мушкил доранд. Танҳо дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон дар моҳи январи соли 2019 наздики 500 ҳазор тона картошкаи ба фурӯшнарафта боқӣ мондааст.