Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як мард бо ҳуҷҷати сохта фаъолияти чанд корхонаро санҷидааст


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, 20 феврал мардеро боздошт кард, ки худро корманди Хадамоти мубориза зидди коррупсияи ин кишвар муаррифӣ карда, мехост, фаъолияти Департаменти нигаҳдории роҳҳои вилояти Таласро санҷад.

Ба огаҳии кумита, ин марди соли таваллудаш 1980 дар гузашта низ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ҳамчун корманди Хадамоти мубориза зидди коррупсияи Қирғизистон фаъолияти корхонаҳои давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ин кишвар пайваста аз санҷиш гузаронда, барои пинҳон кардани "камбудҳои ошкоршуда" маблағ талаб мекардааст.

Дар ҳоли ҳозир гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатии пулиси вилояти Талас нигаҳдорӣ шуда, зиддаш парвандаи "сохтакорӣ ва истифодаи ҳуҷҷати қалбакӣ" боз шудааст.

Департаменти нигаҳдории роҳҳои вилояти Талас тобеи Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG