Ссылки доступа

Парвандаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд ба додгоҳ рафт


Додситонии кулли Тоҷикистон миёнаҳои ҳафтаи гузашта парвандаи 30 зиндонии гумонбар дар ошӯби маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷандро ба додгоҳ фиристодааст.

Ин афрод ба ҷурмҳои гуногун аз ҷумла, "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "куштор", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат" гунаҳкор дониста мешаванд.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон 21 феврал тасдиқ карданд, ки парвандаи маҳбусони гумонбар дар ошӯби маҳбаси Хуҷанд ба ин ниҳод ворид ва додраси он низ муайян шуда, рӯзҳои наздик баррасӣ оғоз мешавад. Ҳамсуҳбатони мо ба иллати муҳри махфӣ доштани парванда аз шарҳи бештар худдорӣ намуд.

Бархе аз волидони маҳбусони гумонбар гуфтанд, Додгоҳи олӣ онҳоро огоҳ кардааст, ки парвандаро ба баррасӣ мегиранд ва аз ин рӯ вакили мудофеъ муаррифӣ кунанд. "Ду рӯз шуд аз Душанбе ба хонаам ба Исфара баргаштам. Ба Додситонии кул, Дастгоҳи президент рафтам ва дар бораи бегуноҳии фарзандам пурсидам, ҳеҷ ҷавоби дуруст нагирифтам. Ҳоло парвандаи писарам ба додгоҳ фиристода шудааст, бояд адвокат гирем, лекин барои гирифтани вакил пул лозим аст, маҷбурам ягон чизи хонаамро фурӯшаму адвокат гирам",- гуфт як сокини шаҳри Исфара.

Ошӯб дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд, шаби 7 ба 8-уми ноябри соли гузашта сар зад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса аз ду тараф беш аз бист нафар кушта шуданд. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.

Таҳқиқи ошӯб дар зиндони Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом додааст. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон, сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.

XS
SM
MD
LG