Ссылки доступа

Туркманистон 10 ронандаи тоҷикро ҷарима баст ва ихроҷ кард (видео)


Мақомоти Туркманистон 10 нафар ронандаи тоҷикро, ки бо мошинҳояшон дар истгоҳи Фароб дармонда буданд, нахуст ҷарима кард ва баъдан аз қаламрави он кишвар ихроҷ намуд.

Бо гузашти 16 рӯз аз маъракаи роҳбандони эълоннашудаи Туркманистон, мақомоти Тоҷикистон мегӯнд, ҳанӯз ҳам аз ҳамтоёни худ шарҳе дар ин бора нагирифтаанд. Ҳадди ақал чор нафар аз рондагони тоҷик, ки бо мошинҳояшон дар гузаргоҳи Сарахс дар марзи Эрону Туркманистон интизори иҷозати вуруд ба ин кишвар ҳастанд, аз ихроҷ шудани ҳамтоёни худ аз истгоҳи Фароби ин кишвар хабар доданд.

Сайдалӣ Худойбердиев, ронандаи тоҷик, ки рӯзи 20-уми феврал аз истгоҳи Сарахс ҳамсӯҳбат шуд, гуфт, ҳамтоёнашон дар истгоҳи Фароб, ки дар қаламрави Туркманистон дар наздикии марзи Ӯзбекистон қарор дорад, дирӯз гуфтанд, онҳоро депортатсия карданд.

"Мувофиқи қонуни Туркманистон мо ҳақ дорем, ки то 5 рӯз дар қаламрави ин кишвар бошем. Чун онҳоро гузаштан намонданд, мӯҳлати онҳо гузашт. Акнун мақомоти Туркманистон ҳар яке онҳоро 300-долларӣ ҷарима баста, депортатсия карданд, вале мошинҳояшон дар Фароб банд аст", - иброз дошт ӯ.

Десятки фур остаются на границе с Туркменистаном
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:42 0:00

Ба гуфтаи ронандагони тоҷик, Туркманистон барои ҳар рӯзи бештар аз муҳлат боқӣ мондани ронанда, 10 доллар ва мошини боркашон 20 доллар ҷарима меситонанд. Ронандагони тоҷик аз ду гузаргоҳи Эрону Туркманистон -- Лутфообод ва Сарахс гуфтанд, намояндагони сафорати Тоҷикистон ба назди ронандагон ба Фароб рафтанд, аммо назди онҳо наомадаанд ва касе аз шахсони расмӣ сабабҳои вазъи баамаломадаро ба онҳо шарҳ надодааст.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, вазъиятро аз наздик назорат доранд ва аз ин таҳаваллуоти баамаломада воқиф ҳастанд, вале то ба ҳол аз ҳамтоёни худ дар Туркманистон посухи расмӣ нагирифтанд.

Фарида Ёқубзода, роҳбари раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал гуфт, дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳалли ин масъала талош меварзанд, "аммо то ба ҳол аз Туркманистон ягон посухи расмӣ нагирифтаанд". Ба гуфтаи ӯ, дар Туркманистон айни замон ҳудуди 40 мошини боркашон ва беш аз 100 вагони Тоҷикистон дармондааст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон низ гуфтанд, ки аз мушкилоти ронандагони тоҷик воқиф ҳастанд ва иттилоъ дар мавриди охирин таҳаввулотро ба Вазорати корҳои хориҷӣ мефиристанд.

Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати "Талко" гуфт, айни замон дар қатори дигар вагонҳои боркашони дармонда дар Туркманистон, 24 вагони марбут ба ин ширкат низ ҳаст. Ӯ гуфт, "дар он ҷо ҳоло 20 вагон кокс ва 4 вагон криолит истодаанд".

XS
SM
MD
LG