Ссылки доступа

Ӯзбекистон зан ва се фарзанди ӯро, ки 6 сол бо террористон зистаанд, ба ватан баргардонд


Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон занеро ҳамроҳи се фарзандаш аз Туркия баргардонд, ки шаш сол дар сафи террористон зистааст.

Хабаргузориҳои Ӯзбекистон 21 феврал навиштанд, бародарон Илҳом ва Эркин Тураевҳо гуфтаанд, замони муҳоҷират дар Русия дар соли 2011 зери таъсири таблиғоти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон қарор гирифтаанд.

Илҳом Тураев ҳамсараш Холбибӣ Кучироваро бо фарзандон ба Русия бурдааст. Аммо хонаводаи Илҳом дар соли 2013 ба Ӯзбекистон ихроҷ шуд. Бародари дувум - Эркин Тураев, ки тавассути Русия ба Туркия рафта буд, Илҳомро бо хонаводааш ба Туркия даъват кард.

Ба навиштаи расонаҳо, бародарон Тураевҳо дар Стамбул ба гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастанд.

Дар ҳоли ҳозир Илҳом Тураев дар зиндони ноҳияи Шерободи Ӯзбекистон адои ҷазо мекунад.

XS
SM
MD
LG