Ссылки доступа

Орзуи хона дар маркази Душанбе даҳҳо нафарро ба додгоҳ бурд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чӣ гуна Мовароуннаҳр исломӣ шуд? (Реги Омӯ, бахши 2). Дар суҳбати гузашта аз вазъи Мовароуннаҳр, таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии он то зуҳури ислом сухан гуфта будем. Дар ин суҳбат мехоҳем аз нахустин ҳамлаҳои лашкариёни арабӣ-исломӣ ба Ховари Миёна то ҳокимияти комили исломӣ-арабӣ бар ин минтақа сухан бигӯем (видео)

- Артиши Тоҷикистон ба Ҳабибуллову Собир чӣ омӯхт? 23-уми феврал дар Тоҷикистон 26-умин солгарди рӯзи таъсиси артиши миллиро ҷашн гирифтанд (видео)

- Орзуи хона дар маркази Душанбе даҳҳо нафарро ба додгоҳ бурд. Даҳҳо нафар аз сокинони Душанбе ва ноҳияҳои атроф, ки бо умеди соҳиби хона шудан дар маркази Душанбе даҳҳо ҳазор долларӣ пардохт кардаанд, мегӯянд, фиреб хӯрдаанд. Даъвову кашмакаши муштариён ва ширкати “Эъмор”, ки бояд дар хиёбони Рӯдакӣ барои онҳо хона месохт, ҳоло аз додгоҳ ба додгоҳ меравад (видео)

- Гӯштфурӯшони Фархор дӯконҳояшонро бастанд (видео)

- "Барои гурез аз андоз мошини ҳисоб намехаранд". Теъдоде аз сокинони Душанбе дар бораи истифода аз мошинҳои хазинадорӣ суҳбат карданд ва мегуянд, баъзе аз тоҷирон барои пинҳон доштани молиёт, онро истифода намебаранд. Тоҷирон мегуянд, молиёт ба ҳаддест, ки "миёни онҳоро мешиканад" (видео)

- Чечену ингушҳое, ки соли 1944 аз Қафқоз бадарға шуданд, дар Қазоқистон чи вазъ доранд. (видеои Настоящее время)

- Гаронтарин футболбозони Қазоқистон киҳо ҳастанд? Гаронтарин футболбози Қазоқистон 2,5 миллион евро арзиш дорад. Гаронтарин футболбози дунё - 200 миллион евро баҳогузорӣ шудааст. Кистанд онҳо? (Инфографика)​

- Чаро дар Тоҷикистон китоб намехонанд? (видеои Настоящее время)​

- Венесуэла: бархӯрди низомиҳо бо вакилони порлумон дар марз бо Колумбия. (видеои Настоящее время)​

- "Мо Русияро ба одамони бад таслим кардем. Замони баргардониданаш фаро расид". Дар Москва роҳпаймоии гиромидошти хотири мухолифи рус Борис Немтсов барпо шуд. Немтсов 27 феврали соли 2015 дар наздикии Кремл кушта шуд. Дар иқдоми ахир дар Москва бештар аз 10 ҳазор одам ширкат кард (видео аз Директ)

- Номзадҳои интихоботии Украина маъракаи таблиғи худро шуруъ карданд. (видеои Настоящее время)

- Деҳае дар наздикии Алмато на духтур дораду на беморхона. (видео)

- Маркази тавонбахшии кӯдакони бесаробони Бишкекро мебанданд. (видеои Настоящее время)​

- «Сирри қудрат». Турдуқулов: Отамбоев ба интихобот омода мешавад. Фаъоли маданӣ Одил Турдуқулов дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" дар бораи ёвариаш ба президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва мулоқоти охири ӯ бо раҳбари пешинаш суҳбат кард. (видео)​

- Муҳимтарин вожаҳои паёми Путин. «Мардум» бештару «мушак» камтар. Дар паёми имсолаи президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ баъзе аз дигаргуниҳо мушоҳида шуд. Путин ин бор бештар дар бораи мушкилиҳои мардуми одӣ гуфт. Вале сиёсатшиносон мегӯянд, ин ҳама ба хотири баланд бардоштани рейтинге аст, ки то рафт поин меравад. (видео аз Директ)

- Кӣ барои мақоми президентии ИМА мубориза мебарад? То интихоботи навбатии президентии ИМА 19 моҳ мондааст, вале як қатор сиёсатмадорон аллакай маъракаҳои пешазинтихоботии худро оғоз кардаанд (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG