Ссылки доступа

Як рӯзноманигор дар Қазоқистон барои нашри навори даъват ба хушунат ҳабс шуд


Рӯзноманигор Манас Бистаев дар Қазоқистон баъди он боздошт шуд, ки навори даъват ба хушунат нисбати ақалиятҳои миллиро нашр кард.

Ба иттилои додгоҳи шаҳрии Алмато, Бистаев дар "Барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва ё динӣ" айбдор мешавад.

Навори Бистаев тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо паҳн гардид ва норозигии корбаронро ба бор овард.

Додгоҳи шаҳрии Алмато 22 феврал Манас Бистаевро ду моҳ ба ҳабс гирифт.

XS
SM
MD
LG