Ссылки доступа

Додситонӣ афтодани бинокоронро аз гунбади масҷиди Душанбе таҳқиқ мекунад


Додситонии ноҳияи Синои пойтахт ба таҳқиқи ҳодисаи сарозер шудани ҳашт нафар аз гунбади Масҷиди бузургтарини Душанбе оғоз кардааст.

Ҳашт бинокор субҳи 25-уми феврал аз баландии 33 метр ба замин афтода, бо захмҳои мухталиф дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шудаанд. Вазъи як нафари онҳо, ки сокини деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз мебошад, ниҳоят вазнин гуфта мешавад.

Гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе 60 метр баландӣ дорад. Яке аз бинокорон дар Масҷиди бузургтарин дар Душанбе гуфт, коргарон ба кафшергарӣ машғул буданд, ки зинапояи зери пояшон ба замин афтод.

Зоир Гиёев, яке аз коргарон гуфт, "ин ҳодиса дар соати 8-45 дақиқаи субҳ дар гунбази асосии масҷид рух дод. Коргарон ба кафшери оҳанҳои гирди гунбаз машғул буданд ва дар ҳамин асно зинаи зери пояшон вазни зиёдро набардошт ва 8 нафар аз баландӣ ба поён афтоданд. Дар вақти ғалтидан ба оҳану бетонҳо бархӯрданд ва барои ҳамин ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд".

Муҳаммадалӣ Султонов, бинокори дигар, ки ба аёдати ҳамкорони маҷрӯҳаш омадааст мегӯяд, "агар ин ҳодиса дар соати даҳ ё даҳуним рух медод, теъдоди зиёди коргарон захмӣ мешуданд, аммо субҳ коргарон камтар буданд. Коргарон аслан аз беэҳтиётӣ ва аз вазни зиёди сементу санги зиёд афтоданд. Оҳани зинаҳо каҷ шуда шикаст. Маҷруҳшудаҳо аслан коргарони ширкати "Сомон сохтмон" ҳастанд".

Масъулони Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накарданд ва танҳо гуфтанд, ки Додситонии ноҳияи Сино санҷишро оғоз кардааст ва мунтазири хулосаи таҳқиқот мебошанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, дар робита ба ҳодиса дар Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе комиссияи вижаи худро фиристодааст, то ҷузъиёти ҳодисаро омӯхта ва натиҷаи онро ба вазорат пешниҳод кунанд.

Масҷиди бузургтарин дар Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории то 150 000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз чаҳор манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбади 60-метрӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG