Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато ба мусодираи амволи домоди пешини Аскар Акаев иҷозат надод


Додгоҳи шаҳри Алмато ҳукми мусодираи амволи Одил Тойганбоев, шаҳрванди Қазоқистон ва домоди пешини президенти нахустини Қирғизистон Аскар Акаевро бекор кард.

Сухангӯи додгоҳи Алмато Диас Махамбетов гуфт, комисияи баррасии шикоятҳо 20 феврал бахше аз дархости вакили дифои Тойганбоевро пазируфт ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Медеуро барои мусодираи амволи домоди пешини президенти нахустини Қирғизистон бекор кард.

"Бар асоси Кодекси ҷиноии Қазоқистон, додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бояд нахуст на ба додгоҳи Медеу, балки ба Додситонии кулли кишвар муроҷиат мекард. Бинобар ин, комисияи баррасии шикоятҳо ҳукмро бекор кард", - афзуд Махамбетов.

Додгоҳи Медеу пештар дар асоси дархости додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек қарор карда буд, ки амволи Тойганбоев ба нафъи Қирғизистон мусодира шавад.

Одил Тойганбоев, ки дар хориҷ ба сар мебарад, моҳи июли соли 2017 дар Қирғизистон ғоибона 20 сол бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум шуда, ҳамчунин вазифадор гашт, ки ба ширкати "Фурудгоҳи байналмилалии Манас" ҳудуди 677 миллион сом (9,7 миллион доллар) ҷуброн пардозад.

Шаҳрванди Қазоқистон Одил Тойганбоев шавҳари пешини духтари президенти нахустини Қирғизистон Аскар Акаев аст. Ӯ соли 2005, пас аз сарнагун шудани ҳукумати Акаев дар қаллобӣ, дуздӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуда, ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор гирифт. Вайро бори охир моҳи марти соли 2016 дар Дубай боздошт карданд, вале зоҳиран бар ивази пардохти гаравпулӣ дубора озод шудааст.

XS
SM
MD
LG