Ссылки доступа

Трамп барои мулоқот бо Ким Чен Ин ба Ветнам рафт


Президенти ИМА Доналд Трамп 25 феврал ба Ветнам сафар кард. Қарор аст, дар онҷо мулоқоти навбатии ӯ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин баргузор шавад.

Раҳбарони ду кишвар рӯзҳои 27 ва 28 феврал дар Ҳаной вохӯрда, барномаи ҳастаии Пхенянро баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ҷонибҳо қатъи расмии ҷанги Куриёро низ ба баҳс бикашанд, ки бо имзои созишномаи оташбаси Пханмунҷом дар рӯзи 27 июли соли 1953 ба поён расида буд.

"Куриёи Шимолӣ пас аз халъи комили силоҳи ҳастаӣ аз назари иқтисодӣ хеле зуд рушд хоҳад кард. Бидуни халъ тавре ки ҳаст, мемонад. Ким тасмими дуруст мегирад", - навишт Трамп дар Твиттер пеш аз сафараш ба Ветнам.

Президенти ИМА 25 феврал ҳангоми суханронияш дар Кохи сафед гуфта буд, ки ӯро дар пеш "саммити бошукуҳ" мунтазир аст. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ 24 феврал дар суҳбат бо телевизиони Fox изҳори умедворӣ кард, ки ҷонибҳо дар саммит ба "пешрафти муҳим"-е ноил хоҳанд шуд". "Эҳтимол аст, ин ҳосил нашавад, вале умедворам, ки хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Ким Чен Ин бо қатораи зиреҳпӯши худ озими Ветнам шуда, интизор меравад, субҳи 26 феврал вориди Ҳаной шавад.

XS
SM
MD
LG