Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов ба муовинонаш мондани дару тиреза, рондани мошин ва голфбозиро нишон дод (видео)


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар рӯзҳои истироҳатии охири ҳафтаи гузашта ба мансабдорони туркман интихоби дурусти маҳалли дару тирезаро ҳангоми бунёди манзил, рондани мошинҳои нави варзишӣ ва бозии голфро нишон дод.

Ба иттилои расонаҳои давлатии Туркманистон, Бердимуҳаммадов 23 феврал аз маҳалли сохтмони манзилҳои зисте дидан кардааст, ки дар минтақаи Чоганлии Ишқобод барои кормандони Вазорати умури дохилии ин кишвар бунёд мешаванд. Ӯ ба баъзе аз ҷузъиёти алоҳидаи корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла "тарзи интихоби ҷой ва дуруст мондани дару тирезаҳо таваҷҷуҳ кардааст".

Сипас Бердимуҳаммадов ба Маркази мошинҳои варзишии Вазорати умури дохилии Туркманистон рафта, туҳфаи раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ - дучархаро қабул кард. Ӯ дар марказ бо мошинҳои нави пойгае низ шинос гаштааст, ки чанде пеш оварда шудаанд ва ба зертобеонаш бо суръати баланд рондани мошинҳои варзиширо нишон додааст.

Президенти Туркманистон рӯзи якшанбе ба бошгоҳи голфи Ишқобод рафтааст. Ӯро муовинони сарвазир, шаҳрдори Ишқобод ва раҳбари Иттиҳоди соҳибкорон ва саноатчиёни кишвараш ҳамроҳӣ карданд. Телевизионҳои давлатии Туркманистон 24 феврал гузориш доданд, ки Бердимуҳаммадов ба муовинонаш дар бораи бозии голф маърузаеро ироа кард.

Ӯ гуфтааст, ки бозии "чилик"-и туркманӣ бо голф хеле монанд буда, имрӯз бештари риштаҳои варзиш бо шарофати бозиҳои мардуми туркман пеш рафтаанд. Сипас президенти Туркманистон голф бозӣ кард ва муовинонаш аз ӯ пайравӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG