Ссылки доступа

ИМА 4,6 млн доллари Боқиевҳоро ба Қирғизистон бозпас медиҳад


ИМА тасмим дорад, 4,6 миллион доллареро ба Қирғизистон бозпас диҳад, ки аз сӯи хонаводаи президенти пешин Қурмонбек Боқиев дуздида шуда буд. Дар ин бора муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс хабар дод.

Додгоҳе дар ИМА қарор қабул кард, ки дар маҷмуъ 6 млн доллари аз сӯи Боқиевҳо рабудашуда ба Қирғизистон баргардонида шавад.

Ҳукумати Қирғизистон тавассути ширкатҳои ҳуқуқӣ аз ИМА хост, пулҳои мусодирашуда ба Қирғизистон интиқол ёбанд. 4 октябри соли 2018 вазорати адлияи ИМА дархостро таъйид кард. Аммо аз 6 млн доллари даъвошуда танҳо 4,6 миллионаш пайдо гардид.

"Баргардонидани ин маблағ дар муносибатҳои ду кишвар аҳамияти зиёд дорад. Ин рӯйдод баёнгари пуштибонии ҳукумати ИМА аз сиёсати зиддикоррупсионии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аст", - гуфт Элис Уэллс.

Вай афзуд, пулҳои мазкур барои рушди минтақаҳо, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва ғайра харҷ мешаванд.

Қурмонбек Боқиев аз соли 2005 то 2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар таърихи 7 апрели соли 2010 дар натиҷаи инқилоби мардумӣ аз мақом барканор шуд. Боқиев ҳоло дар Белорус зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG