Ссылки доступа

Вакилон аз додгоҳ хостанд ба Манафорт раҳм кунад


Вакилони мудофеи Пол Манафорт аз додгоҳи амрикоӣ хостанд, ки ӯро барои ҷиноятҳои молӣ на бештар аз 10 сол зиндонӣ кунад.

Дар муроҷиат ба додгоҳи федеролӣ, ки бояд 13 март ҳукми Манафортро эълон кунад, вакилони мудофеъ навиштанд, ҷиноятҳои содиркардаи Манафорт ба маъракаи интихоботии Доналд Трамп рабт надорад. Зимнан, додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар робита ба эҳтимоли ҳамкории Манафорт бо Русия дар раванди маъракаи интихоботии соли 2016 Амрико таҳқиқ анҷом медиҳад. Манафорт чанд моҳ роҳбари ситоди интихоботии Доналд Трамп буд.

"Парвандаи вай - ҷинояти одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта ва ё пирамидаи молӣ нест. Пол Манафорт замони мушовир буданаш дар Уркаина аз роҳҳои дигар пул кор карда, аммо дар ин бора ба давлат хабар надодааст. Вай ин айбро эътироф мекунад", - омадааст дар муроҷиати вакилони мудофеъ.

Вакилон мегӯянд, дар таҷрибаҳои гузашта онҳое, ки айни ҷинояти Манафортро анҷом дода буданд, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ нашудаанд. Ба илова, Манафорт зиёни расондаашро ҷуброн кард ва розӣ шуд, ки ҷаримаи чандмиллиониро пардохт намояд.

Роберт Мюллер, додситони махсус мегӯяд, Манафорт барои "мудовим ва бармало" анҷом додани ҷинояткорӣ бояд то 25 сол зиндонӣ шавад. Вакилони мудофеъ даъво доранд, ки вай изҳори пушаймонӣ карда ва сазовори гузашт аст.

XS
SM
MD
LG