Ссылки доступа

Таркиши газ чанд хонандаро дар шаҳри Андиҷон захмӣ кард


Субҳи 26 феврал дар беморхонаи марказии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон маркази гармидиҳии маҳаллӣ таркид. Ба гуфтаи шоҳидон, панҷ хонандаи мактаб, ки дар он лаҳзаҳо аз ташхиси табибон мегузаштанд, маҷруҳ ва бистарӣ шуданд.

"Маркази гармидиҳӣ дар пушти бинои бемористон ҷойгир аст. Утоқи рентген ҳам дар наздикии он аст. Ҳангоми таркиш хонандагони мактаб аз ташхис мегузаштанд", - нақл кард як шоҳиди ҳодиса.

Як корманди бемористони шаҳри Андиҷон гуфт, бино ба иттилои пешакӣ, таркиш дар пайи хориҷшавии газ сар задааст.

Хонандагони мактаб бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ таҳқиқи ҳодисаро шуруъ карданд.

XS
SM
MD
LG