Ссылки доступа

Ду гумонбари "тарғиби терроризм" дар Қазоқистон зиндонӣ гаштанд


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 28 феврал ду нафарро дар "тарғиби терроризм" гунаҳкор донист. Куанишбек Жайлаубоев ва Азамат Баймурзин, яке ба ҳашт ва дувумӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳукм кард, ки Жайлаубоев дар маҳбаси низомаш пурзур ва Баймурзин дар маҳбаси умумӣ адои ҷазо кунанд.

Азамат Баймурзини 30-сола аз он изҳори таассуф кардааст, ки қисмати бештари ҳудуди Қазоқистон ҳамворӣ аст. "Агар ҳудуди кишвари мо куҳсор мебуд, 70 дарсади қазоқистониҳо муҷоҳид мешуданд ва бар асоси қонунҳои шариат зиндагӣ мекардем", - гуфтааст Баймурзин.

Тафтишот мегӯяд, маҳкумшудагон то боздошт шуданашон ақидаҳои тундгароёнаи "Давлати исломӣ"-ро таблиғ мекардаанд.

XS
SM
MD
LG